Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА ва Швейтсария
Душанбе, 22.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот анҷом дод. Дидё Буркхалтер пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон андешаҳояшро ба хабарнигорон баён дошта, аз ҷумла гуфт: «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо масоили робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ҳам дар доираи ҳамкориҳои байни кишварҳо ва дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима ва баррасӣ намудем».
Вай афзуд, ки ин чорумин кишварест, ки ман ҳамчун Президенти Конфедератсияи Швейтсария ва Раиси амалкунандаи САҲА дар доираи ин сафар боздид мекунам. Мо ба ин минтақа ҳамчун пул миёни Осиё ва Аврупо аҳамияти муҳим медиҳем.
«Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА ва Швейтсария созанда буда, тамоили рушд доранд. Дар ин мулоқот диққати махсус дар бахши амният, бахусус вобаста ба таъмини бехатарии марз зоҳир гардид. Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи ҳамкориҳо дар ин самт аст. Ҷониби Швейтсария омодааст дар бахши идораи захираҳои об низ бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад», — тазаккур дод Дидё Буркхалтер.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария таъкид намуд, ки масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буданд.
Ӯ дар хотима гуфт: «Ман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириаш аз Швейтсария дар давраи раисӣ дар САҲА сипосгузорам».








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






