Сӯхтор дар бозори Хуҷанд
Хуҷанд, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуахад Шарифзода).-Шаби 15-ум ба 16-уми ноябр дар мавзеи бозори марказии шахри Хуҷанд- «Панҷшанбе» сӯхтор ба амал омад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Сугд иттилоъ доданд, сӯхтор соати 22 сар зада, он то соати 01.30-и санаи 16 ноябр идома ёфта, марказҳои савдои бозори «Панҷшанбе»- «Тоҷир», «Сино», «Баҳор» ва «Барфаки Хуҷанд»-ро ба коми фаро гирифтааст. Ба гуфти манбаъ аз рӯи маълумотхои пешакӣ оташ аз балони гази моеи яке аз ошхонаҳое, ки дар ошёнаи дувуми ин маркази савдо ҷойгир буд, сар задааст. Алъон аз рӯи хисобҳо масоҳати сӯхтор 800 м2 ро дар бар гирифта, тақрибан зиёда аз 84 нуқтаи савдоро ба коми худ кашид. Танҳо маблағи зарари сӯхтори иншооти сохтмонӣ 994 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Он шаб барои хомӯш намудани оташи сарзада 20 адад нақлиёти Хадамоти сӯхторнишонии вилоятӣ, инчунин шаҳри Хуҷанд, Б.Ғафуров, Чкаловск, Қайроққум, Спитамен, Ҷаббор Расулов ҷалб шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, барои муайян намудани сабаб ва ҳаҷми умумии хисороти молӣ бо дастури раиси вилоят комиссияи махсуси босалоҳият бо роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов таъсис дода шуда, дар айни ҳол комиссияи махсуси босалоҳият барои омӯхтани сабабҳои сӯхтор дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, оқибатҳои сӯхтор бартараф шуда истодааст.
Ба гуфти манбаъ, инчунин аз тарафи Прокуратураи вилоят ва РВКД ҶТ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оид ба сар задани сӯхтор кушода шуда, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






