Саҳифаи тоза дар муносиботи Душанбею Кишинёв
Душанбе, 18.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Таъйин гардидани шумо ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи муносиботи Душанбею Кишинёв боз хоҳад кард», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Андрей Галбур -Сафири Фавқулода ва Мухтори Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров дипломати молдовиро ҷиҳати таъйин гардиданаш ба ҳайси сафири Молдова дар Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки равобити Душанбею Кишинёв тамоюли рӯ ба густариш дошта, асоси ҳамкориҳо бештар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ифода мегардад.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд, комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки ҷаласаи якуми он ноябри соли 2004 баргузор шуд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар ҷаласаи навбатӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ барои давраҳои минбаъда, масъалаҳои тавсеаи асоси шартномавию ҳуқуқӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо, илму фановарӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак, энергетика ва саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ ва фарҳангу тандурустиро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
То кунун миёни Тоҷикистону Молдова 14 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Дар баробари ин, -гуфт Шукурчон Зуҳуров ҳарду кишвар дорои имконоту иқтидори фаровони ҳанӯз истифоданашуда, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолию саноатӣ, равобити тиҷоратӣ ва сайёҳию фарҳангианд, ки истифода аз онҳо метавонад доираи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба маротиб васеъ гардонад.
Бо дахли масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямонро тавсеа бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Молдоваро қадами муассир дар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Галбур изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Мавсуф иброз намуд, ки вай ҳамчун сафир бо истифода аз таҷрибаи дипломатияш дар заминаи таҳкими муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Молдова саъю талош хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамзамон авзои ҷаҳон ва минтақа матраҳ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






