«Сад барги ғазал» нашр гардид
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Китоби «Сад барги ғазал» -и Мавлоно Ҷомӣ, ки ба истиқболи 600-солагии мавлуди мубораки ин алломаи бузург бо интихоб ва пешгуфтори мудири кафедраи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нуралӣ Нурзод ба дасти чоп расид, аз рӯи нусхаҳои тоҷикистониву эронии ҳар се девони шоир баргузида шудааст.
Воқеан забони ғазалиёти шоир аз чандин шохисаҳои ҳунарӣ дар намуди сохтмони тарокиб ва таъбирҳои шоирона, корбурди ҳунармандонаи вожагон ва ибораҳои мардумӣ ва амсоли ин бархурдоранд, ки бештари маврид онҳо ба сурати махсус ва ба унвони маҳсули тафаккури бадеии суханвар ба ҷилва омада, арзишҳои хоси маънавӣ ва адабиву ҳунарии каломи шоирро муҷассам гардонидаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба таҷассуми ҳунари шоирии Ҷомӣ дар оинаи ғазалиёти ӯ боз ҳам имконоти фарохтареро дар шинохт ва маърифати андешаҳои борвар ва отифаҳову эҳсос ва тафаккури шоирона пешорӯ мегузорад, ки албатта, мутмаинем муҳибону мухлисони сухани ноби шоир фаротар аз дирӯзу имрӯз дар оянда қадам ба сайди маънӣ ва кашфи рамзу рози наққошиҳои ҳунарварона дар лавҳи ғазал хоҳад гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






