Сафари Қ. Расулзода ба ВМКБ

Ноябрь 13, 2014 10:31

Хоруғ, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тӯли сафар дурӯзаи худ  дар шаҳри Хоруғ се бинои нави маъмурию иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Яке аз ин иншоот соли 2011-ум бо гузоштани санги асос аз ҷониби Сарвари Давлат  оғоз гардида, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати кишвар зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Корҳои сохтмонии бино аз ҷониби ширкати сохтмонии «Монолит-2011» амалӣ гардида, ба сифати корҳо диққати  зарурӣ равона шудааст. Он дорои толорҳои ҷарроҳии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, утоқҳои алоҳида барои модару кӯдак, ҳуҷраҳои муоинавӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ буда, барои ҳарчӣ хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ  шароити  мусоид фароҳам оварда шудааст.
     Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки  бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин биноҳои замонавии таъйиноти иҷтимоӣ натиҷаи таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ҷиҳати рушди минтақаҳои дурдасти кишвар ба шумор рафта, бунёди таваллудхонаи замонавӣ ба ҳифзи саломатии модару  кӯдак заминаи боэътимодест.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин гуна бинои  муҷаҳҳазро барои соҳаи тандурустӣ метавон боз як қадами устуворе дар самти амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ арзёбӣ намуд. 
       Дар аснои сафари корӣ Сарвазири мамлакат ҳамчунин дар ифтитоҳи бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни ДДХ, Дастаи таъйиноти махсуси РВКД, хобгоҳ барои кормандони КАМ ҶТ дар Бадахшон ширкат кард.
     Рӯзи 13 ноябр баъди мулокот бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳри Душанбе бармегардад.
 

Ноябрь 13, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард