Сафари расмии Сарвазир ба Қирғизистон

Ноябрь 15, 2014 16:11

Душанбе, 15.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 14-15 уми ноябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт. Зимни сафар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев доир гардид. Дар вохӯрӣ муҳимтарин масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо бахусус ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва таъмини амнияти марзӣ баррасӣ шуд. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат нахуст бо мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири ҶумҳурииҚирғизистон Ҷоомарт Оторбоев оғоз гардида баъдан бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт. Дар музокиротҳои байниҳукуматӣ асосан вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёту комуникатсиява фарҳангу маориф баррасӣ шуд. Ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои марзӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба марзи байнидавлатӣ изҳори назар карда дар ин самт фаъолнокгардонии кори комиссияҳои байниҳукуматӣ вобаста ба масъалаҳои марзиро зарур шумориданд. Дар музокиротҳо ҳамзамон доир ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчун омили асосии рушддиҳандаи муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самарноки захираҳои обӣ, ҳамшарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, хусусан татбиқи лоиҳаи КАСА 1000, ба тавсеаи робитаҳои байни муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои илмию фарҳангӣ табодули назар карданд. Бо дарназардошти рафти музокиротҳои дуҷониба изҳороти муштараки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардида аз ҷараёни музокироту мулоқотҳои байниҳукуматӣ дар нишасти матбуотии роҳбарони ҳайатҳо натиҷагирӣ карда шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон дар порлумони Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Жогорку Кенеш Асилбек Жеенбеков мулоқот кард.

Ноябрь 15, 2014 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд