«Самира» ба Бунёди ҷаҳонии сулҳи Англия пайваст шуд
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанде пеш дар мавзӯи сулҳ бо иштироки узви намояндаи бунёди ҷаҳонии «Peace one Day» ва мудири маҷмааи байналмилалӣ Ҳушманд Муҳаммадрафии Содиқӣ ва шунавандагони Маркази таълимии «Самира» ҷиҳати додани сертификати байналмилалии сулҳ ба иштирокчиён семинар баргузор гардид.
Дар семинар хонумҳо Алина ва Даниэла аз бунёди «Peace one Day» аз кишвари Англия аз тариқи «Skype» низ ширкат варзиданд.
Ҳушманд Муҳаммадрафии Содиқӣ ба аъзои бунёд ва ширкаткунандагон гуфт, ки кулли Тоҷикистон маркази илму адабу ҳунар аст ва Президенти ин кишвар низ ҳамеша аз сулҳ ва дӯстӣ ҳарф мезанад. Ҳамзамон шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода яке аз пайравони сулҳ дар ҳудуди 50 сол қабл дар ин кишвар буда, бо кишварҳои Осиё ва Африқо барои сулҳ ширкат намудааст ва ҳамчунин А.Фирдавсӣ низ, ки марди таваҷҷуҳи эрониён ва тоҷикон мебошад, аз сулҳ ва дӯстӣ эҷод намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки маркази таълимии «Самира» дар таърихи 31 уми октябри соли 2014 бо гузаронидани семинари нахустини худ ба бунёди ҷаҳонии сулҳ пайваст шуд.
Дар ин маросим бо истифода аз имконоти техникаи муосир, яъне аз тариқи «Skype» бо ширкати хонума Алина, аз Бунёди сулҳи Англия ширкаткунандагони ҷамъомад бо мақсади бунёди сулҳ ошно гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






