Санъати театр илҳомбахши зиндагии мардум

Ноябрь 28, 2014 11:32

Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Санъати театр дар ҳар давру замон ҳамқадаму  илҳомбахши зиндагии мардум буда, имрӯзҳо низ нақши он дар рушду такомули ҳаёти ҷомеа бештар намудор мегардад.
Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз зумраи  нахустин машъалафрӯзони фарҳанги тоҷик маҳсуб меёбад. 80 сол муқаддам  ташаббуси як гурӯҳ ҳаваскорони санъат, ки аввалин саҳнаҳоро аз ҳаёти мардум ба намоиш гузоштанд, боиси таъсиси театр дар шаҳри бостонии Хуҷанд гардид.
Дар замоне, ки халқи тоҷик ба маданияти муосири башарӣ нав пайвастагӣ пайдо мекард, ин театр ташкил ёфта, санъати миллии тоҷикро аз анъанаҳои ҳазорсолаи тоҷикон — суруд, рақс, мусиқӣ ва намоишномаҳои оддии маъракавӣ  сар карда, тӯли солҳо бузургтарин асарҳои классики ватанӣ ва ҷаҳониро рӯи саҳна овард.
Дар давоми фаъолияти пурбаракат дар саҳнаи театр  намоишномаҳои  ҷолиб, аз қабили «Дили шоир», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Тӯй», «Хатро ман навишта будам», «Шапарак хоб дид», «Зол ва Рудоба», «Макр ва муҳаббат», «Лӯлидухтар Аза», «Модар нигарон буд», «Исёни арӯсон», «Калиди бахт», «Маҳфилоро» ва садҳои дигар рӯи саҳна омаданд, ки ифтихори санъати  миллии мо мебошанд.
Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова, Муътабар Иброҳимова, Одилҷон Назаров, Ҷӯрабек Набиев, Сайрам Исоева, Зебо Аминзода, Ислом Саломов, Даврон Алиматов, Зулфия Тӯйчиева ва даҳҳои дигар санъаткорон дар рушду нумӯи театр саҳми арзанда гузоштанд.
 
 

Ноябрь 28, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд