Савгандёдкунии наваскарон дар КҲФ МГ
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 18 ноябр дар қисми низомии 45005 -и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кумита, сараввал падару модарони наваскарон бо шароити зисти қисми низомии мазкур ошно гардиданд.
Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ба ин қисми низомӣ 29 нафар сарбоз барои адои хизмат даъват шуда, онҳо то маросими савгандёдкунӣ муддати як моҳ курси ибтидоии ҳарбиро гузаштаанд. Наваскарон дар ин қисми низомӣ 2 сол хизмат хоҳанд кард. Наваскароне, ки то даъват ба хизмат дар мактабҳои олӣ таълим гирифта, соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, ба муддати як сол ба хизмат ҷалб хоҳанд гашт.
Дар ҷараёни маросими савгандёкунӣ масъулини соҳа, падару модарон сухан гуфтанд. Дар фарҷоми маросими савгандёдкунӣ барои ҷамъомадагон консерти идона намоиш дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






