Семинар дар мавзӯи таҳқиқи зиддифасодӣ

Ноябрь 25, 2014 14:01

 
Душанбе,  25.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар  шаҳри  Душанбе  семинари  серӯза дар  мавзӯи таҳқиқи  зиддифасодии  ҳуҷҷатҳои меъёрию  ҳуқуқӣ  ба  кораш  шуруъ  намуд. 
Таваре  ки  аз дафтари  САҲА  дар  ҶТ хабар  доданд,  семинар анҷоми  фаъолиятест, ки  тайи  як  моҳ  давом  карда,  дар  ҳошияи он коршиноси   шуъбаи  миллии Иттиҳодияи  илмию истеҳсолии  байналмилалии  Трансперенси  Интернэшнл  воқеъ дар  Русия дар Агентии  назорати  давлатии  молиявӣ  ва  мубориза бо  коррупсияи ҶТ  ба  манзури тарҳрезии  методологияи  таҳқиқи  зиддифасодӣ мустақиман  кор  кардааст. 
Методологияи  мазкур  ба  мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ,  Прокуратураи  генералии  ҶТ, вазоратҳои   корҳои дохилӣ  ва  адлияи  ҶТ, Агентии  хадамоти  давлатии  назди  Президенти  ҶТ ва Институти  такмили  ихтисоси  хидматчиёни  давлатӣ,  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  ва  ниҳодҳои  дигари  дахлдор барои шиносоӣ  бо  консепсияи  таҳқиқи  зиддифасодӣ  ёрӣ  расонида,  ба ошкор  намудани ҳуҷҷатҳои номукаммале, ки  хилофи нуктаҳои санадҳои меъёрию  ҳуқуқианд,   мусоидат  мекунад. 
Зарурати ҷорӣ намудани механизми таҳқиқи зиддифасодии Иттиҳодияи  илмию  истеҳсолӣ  ба  низоми қонунгузории  Тоҷикистон бори нахуст  дар  Фармони Президенти  ҶТ «Дар  бораи  тадбирҳои  иловагӣ ҷиҳати  вусъат  бахшидани  муқовимат  ба  коррупсия дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  таъкид   шуда буд. 
Моҳи  январи  соли  2014 дафтари САҲА   якҷоя  бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ тасмим  гирифт, ки барои  курси  таълимӣ  методологияи таҳқиқи  зиддифасодӣ таҳия  ва онро  барои омӯзиш интишор  намояд. 
Мақсад  аз  курси таълимӣ  ва  семинар  дастгирии  ташкили   гурӯҳи  байниидоравии  коршиносони   бахши таҳқиқи  зиддифасодӣ  мебошад. 
 

Ноябрь 25, 2014 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд