Семинари байналмилалии илмию амалӣ
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Имрӯз дар меҳмонхонаи “Азия-Грант отел”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи саломатии ҳайвонот дар Аврупо, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркия, Қазоқистон ва созмонҳои минтақавиву ҷаҳонӣ бори аввал семинари байналмиллии илмию амалӣ оид ба “Пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятии сарҳадгузари ҳайвонот” ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар оид ба вазъи эпидемиологии ҳайвонот, ҳифзи онҳо аз касалиҳои сирояткунанда ва чораҷӯиҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи таҳияву қабули қонунҳои дахлдор, инчунин фаъолияти самараноки хадамоти байторӣ мухтасар маълумот пешкаш намуд. Ҳамчунин аз ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои саҳмгузор дар баргузории семинари мазкур арзи сипос намуд. Сипас суханони истиқболии роҳбари намояндагии минтақавии Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи солимии ҳайвонот (ТУҲСҲ) дар Аврупо, коршиноси қонунгузории ветеринарӣ, профессор Козимиерас Лукаускас, сармутахассиси идораи Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ СММ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, доктор Абдулбоқӣ Меҳрубон ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Изатулло Сатторӣ шунида шуданд.
Зикр қардан ба маврид аст, ки масъалаи паҳн гардидани бемориҳои сироятии сарҳадгузари ҳайвонот имрӯз боиси ташвиши кишварҳои ҳамҳудуд гардидааст. Мақсад аз баргузории семинари мазкур муайянкунӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии сарҳадгузари ҳайвонот арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур аз 20 то 22 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






