Сертификати байналхалқии сифат ба «Бонки Эсхата»
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — «Бонки Эсхата» ҳамеша ҳамқадами замона буда, намудҳои нави хизматрасониҳои бонкиро ҷорӣ менамояд. Бонк ҳамеша усулҳои дурнамои идора ва роҳҳои инноватсионии идораро истифода мебарад, ки он бешубҳа, барои хизматрасонии босифат аз рӯи стандарти байналхалқӣ равона шудааст.
Боз як такони ҷиддӣ дар ин ҷабҳа барои бонк ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат мутобиқ ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008, ба сохтори идора ва самаранокии кор таъсири мусбати худро расонид. Ба туфайли ҷорӣ намудани он, хизматрасонӣ ба мизоҷон ба сатҳи дигар гузашта, нигоҳ ва андешаи кормандонро нисбат ба кор аз роҳбарият то мутахассис дигаргун намуд.
Ҷараёни ҷорикунии ин низоми муҳим аз тарафи худи кормандони бонк бе ҷалби мушовирони берунӣ сурат гирифт.
Чуноне ки раиси Раёсати бонк Хуршед Носиров иброз дошт, ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи менеҷменти сифат дар бонк пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ҷории ҷавобгӯ ба талабот ва интизории мизоҷон, таъмини самаранокӣ ва рақобатпазирӣ, беҳтарсозии пайвастаи фаъолияти бонк, ки кафолати иҷрои талаботҳоро оид ба сифат медиҳад.
Охири соли 2013 аз ҷониби Раёсати бонк бо мақсади гирифтани тасдиқи мутобиқат ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 оид ба гузаштани сертификаткунонӣ ва соҳаи он — хизматрасонии интиқоли пулӣ қарор қабул гардид.
Бояд зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҷорӣ намудани низоми идораи сифат ҷараёнҳои асосии бонк осон шуда, регламентҳои нав ва ҷараёнҳои корӣ мураттаб гардидаанд ва аз рӯи он омӯзиши кормандони бонк гузаронида шуд.
Барои гузаронидани аудити сифат аудиторони ташкилотҳои байналхалқии Intertek даъват шуданд.
Дар натиҷаи гузаштани ҳамаи давраҳои аудит, «Бонки Эсхата» сертификати мутобиқатро ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 соҳиб гардид.
Дар айни ҳол «Бонки Эсхата» дар Тоҷикистон яке аз нахустин муассисаи молиявие ба ҳисоб меравад, ки дорои сертификати байналхалқии ISO 9001:2008 мебошад. Ин дастовард ба бонк барои гузаштан ба сатҳи нави ҳамкорӣ ва сатҳи байналхалқии идораи сифат имконият медиҳад, ки бешубҳа ба мукаммалкунии мунтазам ниёз дорад.
Дар арафаи чашни 20 -солагии Бонки Эсхата ин хушхабар ифтихор ва дастоварди бузург барои роҳбарият, кормандон, мизоҷону ҳамкорони бонк маҳсуб мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






