Ш.Саид: «Савдо роҳро мехоҳад»
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо раиси гурӯҳи парлумонии дӯстии «Туркия — Тоҷикистон» Мустафо Қабақчӣ мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Туркия ва Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамкории шӯроҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар мулоқот зарурати густариши ҳамкории дуҷониба бо назардошти дар минтақа афзун намудани роҳҳои нақлиётию транзитӣ зикр гардид.
«Савдо роҳро мехоҳад. Роҳҳо набзи ҳар иқтисодиёт ба шумор мераванд. Мақсад аз саъю кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ дар ҷумҳурӣ фароҳам овардани шабакаи васеи нақлиётӣ ва ба низоми нақлиётии ҷаҳон ворид намудани он аст. Тоҷикистон роҳҳои мошингард ва пулу нақбҳоро босуръат таҷдид ва бунёд мекунад. Сабаби ин ба шабакаи ҷаҳонии боркашонии автомобилӣ пайвастани кишвар аст», — гуфт Шариф Саид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






