Ш.Стайл: «Мо барои фаъолияти муштарак имконоти зиёде дорем»
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- «Басо шарафмандам, ки Ҳукумати Канадаро ба Ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ менамоям», — гуфт сафири Канада Шон Стайл баъди 18 ноябр ба Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон супурдани эътимодномаҳо.
«Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии кишварҳои ҷаҳон акнун масофаҳои дароз садди роҳи ҳамкорӣ шуда наметавонанд. Канадаю Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни кураи замин бошанд ҳам, мо барои фаъолияти муштарак имконоти зиёде дорем. Дар Тоҷикистон ба ман муяссар шуд, ки аз чӣ иборат будани ин имконотро дарк намоям. Тавре гуфта шуд, Канада шарики деринаи Тоҷикистон аст. Канада ҳамкориашро асосан тавассути чунин созмонҳои байналмилалӣ, монанди Бонки ҳамкории ҷаҳон, Бонки рушди ҷаҳон ва Бунёди Оғохон идома медиҳад», — зикр намуд Шон Стайл.
«Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон, чун ҳар кишвари дигари ҷаҳон, дучори душвориҳо мегардад, мо бовар дорем, ки барои рушди ояндаи муносибатҳоямон имкониятҳои зиёде дорем. Канада ва Тоҷикистон бо дуои парвадигор аз захираҳои минералӣ ва гидроэнергетика хеле ғанианд», — афзуд сафир.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






