«Шавоҳид- ун- нубувват» нашр шуд
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Шавоҳид- ун- нубувват» аз ҷумлаи муҳимтарин осори насрии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буда, чанде қабл дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо», ки бо эҳтимоми Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд, бо тасҳеҳ ва тавзеҳу ҳошияи доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд рӯйи нашр омад.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар китоб матолибе фароҳам омадаанд, ки барои шинохти ҷаҳонбинии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва маърифати андешаи ниёгон хеле судманд мебошад ва бори нахуст аст, ки дар кишвари мо ба табъ мерасад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иддае аз осори Ҷомӣ комилан дар мавзӯи эътиқоду шаръиёт ва сияру маноқиб ба қалам омадаанд. Таълифоте чун «Тафсири Қуръон» , «Арбаин», «Маносики ҳаҷ», «Рисолаи ақоид», «Нафоҳот ул — унс», «Рисола фи-л- вуҷуд», «Рисолаи шароити зикр», «Рисолаи таҳлилия», «Шарҳи ҳадиси Абӯразини Уқайлӣ» ва чанде дигар инро таъйид менамояд. «Шавоҳид ун нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ҳамин замина ба қалам омадааст.
Бояд зикр намуд, ки китоб ҷиҳати ташаккули улуми адабӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ ва рушди маънавият дар ҷомеа сарчашмаи арзишманд буда, барои устодон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






