Ширкати ДМИТ дар конфронси интернетӣ

Ноябрь 21, 2014 15:04

Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Рӯзи 20 ноябри соли равон дар доираи шартномаи ҳамкории Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон (БашГУ) устодони донишкада  дар  конфронси  интернетӣ, ки аз тарафи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Бошқирдистон, Донишкадаи иқтисод, молия ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон (БашГУ) ва Маркази Авруосиёгии «Самрау» ташкил карда шудааст, иштирок намуданд. 
Ба гуфти котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева, конфронс мавзӯи «СҲШ ва БРИКС дар ташаккули низоми бисёрқутбаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ»-ро фарогир буд, ки дар он олимони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ин интернет-конфронс устодони ДМИТ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Баҳодиҳӣ ва таҳлили дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ», Меҳтархон Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ дар мавзӯи «СҲШ чун механизми дурнамои ҳамкории ҳаматарафа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Николай Попов, декани факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз бо сухани ифтитоҳӣ ва хотимавӣ дар он ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш устодони ДМИТ бо мавзӯъҳои илман асоснок дар чунин конфронс иштирок карда, ба унвони иштирокчиён аз номи кумитаи тадорукоти чорабинии мазкур сипоснома ирсол намуданд, ки боиси густариши ҳамкориҳои тарафайн мегардад.

Ноябрь 21, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад