Ширкати ДМИТ дар конфронси интернетӣ
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Рӯзи 20 ноябри соли равон дар доираи шартномаи ҳамкории Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон (БашГУ) устодони донишкада дар конфронси интернетӣ, ки аз тарафи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Бошқирдистон, Донишкадаи иқтисод, молия ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон (БашГУ) ва Маркази Авруосиёгии «Самрау» ташкил карда шудааст, иштирок намуданд.
Ба гуфти котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева, конфронс мавзӯи «СҲШ ва БРИКС дар ташаккули низоми бисёрқутбаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ»-ро фарогир буд, ки дар он олимони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ин интернет-конфронс устодони ДМИТ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Баҳодиҳӣ ва таҳлили дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ», Меҳтархон Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ дар мавзӯи «СҲШ чун механизми дурнамои ҳамкории ҳаматарафа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Николай Попов, декани факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз бо сухани ифтитоҳӣ ва хотимавӣ дар он ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш устодони ДМИТ бо мавзӯъҳои илман асоснок дар чунин конфронс иштирок карда, ба унвони иштирокчиён аз номи кумитаи тадорукоти чорабинии мазкур сипоснома ирсол намуданд, ки боиси густариши ҳамкориҳои тарафайн мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






