Ситоди навбатӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим

Ноябрь 8, 2014 11:37

 
Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо назардошти тағйирёбии иқлими рӯзҳои охир ситоди навбатии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар доир гардид. Дар кори ситод муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд. 
Таъкид  шуд, ки  баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тамоми воситаю имкониятҳо амалӣ карда шавад. Ҳосили боқимондаи зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла картошка, меваю сабзавотро    беталаф ҷамъоварӣ шаванд. Баҳри зиёд намудани маҳсулотҳое, ки барои содирот нигаронида шудаанд, аз ҷумла зиёд намудани заминҳои кишти пиёз бояд чораҳо амалӣ шаванд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дурнамои кишти картошка 2100 гектар ва пиёз 10527 гектарро ташкил медиҳад. То санаи 2.11.2014 дар ҷумҳурӣ дар майдони   6171 гектар кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шуд, ки баробари 58,6 фоизи дурнамо мебошад. Дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1426 гектар зиёд кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шудааст.
Ҳамзамон сохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки баҳри самаранок ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ ва омода намудани замин барои ҳосили соли оянда тадбирҳои  амалӣ андешанд. 
Аъзои ситоди ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалӣ баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ ва сари вақт ба анҷом расонидани шудгор  ва кишти тирамоҳӣ  дар маҳал ситодҳо баргузор намоянд.           
 
 
 
 
 

Ноябрь 8, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад