Ситоди навбатӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим
Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии иқлими рӯзҳои охир ситоди навбатии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар доир гардид. Дар кори ситод муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тамоми воситаю имкониятҳо амалӣ карда шавад. Ҳосили боқимондаи зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла картошка, меваю сабзавотро беталаф ҷамъоварӣ шаванд. Баҳри зиёд намудани маҳсулотҳое, ки барои содирот нигаронида шудаанд, аз ҷумла зиёд намудани заминҳои кишти пиёз бояд чораҳо амалӣ шаванд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дурнамои кишти картошка 2100 гектар ва пиёз 10527 гектарро ташкил медиҳад. То санаи 2.11.2014 дар ҷумҳурӣ дар майдони 6171 гектар кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шуд, ки баробари 58,6 фоизи дурнамо мебошад. Дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1426 гектар зиёд кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шудааст.
Ҳамзамон сохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки баҳри самаранок ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ ва омода намудани замин барои ҳосили соли оянда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Аъзои ситоди ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалӣ баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ ва сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар маҳал ситодҳо баргузор намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






