Словакия хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 19 ноябр раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо сафири Словакия дар Тоҷикистон Павол Иван мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, Шариф Саид зимни мулоқот зикр намуд, ки ташрифи дипломати олимақом ба ҳамкории дуҷониба қувваи нав мебахшад. «Барои рушди равобити тоҷирону соҳибкорони Словакия ва Тоҷикистон имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Мушкилоти асосии равобити тиҷоратию иқтисодӣ иборат аз мавҷуд набудани иттилооти зарурӣ дар бораи имкониятҳои кишварҳоямон мебошад», — гуфт раиси ПСС ҶТ.
Ҷонибҳо масоили тарбияи кадрҳо барои тиҷорати хурду миёна дар Словакия бо василаи доир намудани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатиро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки Агентии тиҷорати Словакия ба манзури дастгирии ниҳодҳои тиҷорати хурду миёна хоҳони дар Тоҷикистон доир намудани ҳамоишу анҷуманҳои муштараки тоҷирону соҳибкорон аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






