Соҳибкорони зарардида аз пардохти фоизи бонк озод шуданд
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтори шаби 15-уми ноябр зарар дидаанд, мулоқот намуд.Дар мулоқот, ки бо ҳузури Прокурор ва Суди вилоят, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилоят, роҳбарияти Раёсати андоз дар вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти бозорҳо ва худи соҳибкорон доир гардид, масоили сохтмони марказҳои ҷадиди савдо, фаъолияти ситодҳои таъсисёфта, мушкилоти мавҷудаи соҳибкорон, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Раиси вилоят зимни суҳбат изҳор дошт, ки пас аз ҳодисаи нохуш ситоди доимӣ созмон дода шуд ва соҳибкороне, ки хисороти молӣ дидаанд, метавонанд барои ҳалли масоил ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба ин ситод муроҷиат намоянд.Дар мулоқот Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят ва раиси ситоди доимӣ оид ба зарари аз сӯхтор расида ва роҳҳои ҳалли қарзҳои бонкии соҳибкорони бозорҳои «Тоҷир», «Барфаки Хуҷанд», «Баҳор» ва «Сино» маълумот доданд.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, соҳибкорони аз сӯхтор зарардида то 15 ноябр аз 17 бонк ва ташкилоти қарздиҳанда, аз ҷумла аз «Агроинвестбонк», «Эсхата», «Амонатбонк», «Арванд» ва ғайра қарздоранд. Дар мулоқот таъкид шуд, ки соҳибкороне, ки дар рӯйхати Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳамчун зарардида ба қайд гирифта шудаанд, аз супоридани фоизи қарзи бонкҳо озод шуда, муҳлати пардохти қарзҳои асосӣ то ба 1 сол тамдид мешавад. Роҳбарияти бонкҳо низ вазифадор шуданд, ки барои дастгирии соҳибкорон қарзҳои нави имтиёзнокро пешниҳод намоянд.Зикр гардид, ки барои идомаи фаъолият ба соҳибкорон дар бозорҳои «Сомониён» ва «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дӯконҳои ройгон пешниҳод карда шуда, дар маҳалли сӯхтор дар давоми моҳҳои декабр — январи солҳои 2014 — 2015 марказҳои тиҷоратии нав бунёд мешаванд ва дар он соҳибкорони зарардида аз супоридани иҷорапулӣ дар давоми як сол озод хоҳанд буд. Сохтмони ин марказҳо рӯзи ҷумъаи 28 ноябр оғоз мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






