Сохтмони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Кӯлоб 22.11.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Соли 2015-ум 70- солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад ва ба ин муносибат корҳои ободонию созандагӣ дар ин муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад. Бо фармоиши Дирексияи сохтмонӣ иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишгоҳи мазкур бинои нави 7 ошёна сохта шуда истодааст, ки ширкати сохтмонии «сад дарё» бо ҷалби беш аз 40 нафар мутахассисон ва техникаи муосири сохтмони то имрӯз корҳои оҳану бетониро пурра анҷом додаанд. Инак, шаш ширкати сохтмонии ватанӣ сохтмони ишоотро идома медиҳанд. ҶДММ «Шаҳриёрсохтмон» бо ҷалби беш аз 40 нафар сохтмончиён дар ошиёнаҳои дуюму сеюм ба сохтмони деворҳо оғоз кардаанд. Ба қавли муҳандиси ҷамъияти мазкур, Беҳрӯз Салоҳев Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ калонтарин муассисаи таълимӣ дар минтақаи Кулоб ба ҳисоб меравад ва баъди анҷоми бинои маъмурии он мушкилоти омӯзгорону донишҷӯён дар дастрасӣ ба утоқҳои корию дарсӣ ҳалли хешро пайдо мекунад. Ба гуфти масъулон бинои мазкур дар оғози соли таҳсили 2015 ба истифода супорида хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






