Сохтмони корхонаи коркарди нафт дар Турсунзода

Ноябрь 13, 2014 15:13

Турсунзода, 13.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).-Дар шаҳри Турсунзода барои фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид муҳайё гардидаанд. Соҳибкорон дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри ободонии ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мисоли ин гуфтаҳо ба истифода додани чор муассисаи таълимии асосӣ дар деҳоти шаҳр, сӣ синфхонаи иловагӣ, даҳҳо марказҳои хизматрасонӣ дар деҳот ва дохили шаҳр, бунгоҳҳои тиббӣ ва ду маркази ташхисию табобатӣ дар маркази шаҳр мебошад. 
Инчунин имрӯз дар ҳудуди шаҳр сохтмони панҷ бинои баландошёнаи истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад ва рӯзҳои наздик онҳо низ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин дар корхонаи чинибарории шаҳр коргоҳҳои иловагии дорусозию хиштбарорӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбианд. Тибқи нақша сохтмони як корхонаи коркарди нафт низ дар назар аст. 
 

Ноябрь 13, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд