Суғд: ҷамъбасти озмуни “Осорхонаи беҳтарин”
Хуҷанд, 15.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Осорхонаи беҳтарини соли 2014” ҷамъбаст гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” сарвари осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов иттилоъ дод, озмуни мазкур бо ташаббуси раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ пешниҳод гардида, он ба 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Мақсад аз баргузории озмун- ин пеш аз ҳама инъикоси дастовардҳои замони истиқлоли кишвар, тарғиби таърих ва тамаддуни фарҳанги миллии ниёгонамон, огаҳӣ ёфтан аз фаъолият ва пешбурди осорхонаҳои вилоят аст. Озмун аз моҳи март оғоз ёфта, дар он 8 осорхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуд. Дар ҷамъбасти озмун Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ғолиби озмун дониста шуд. Мақоми дувум насиби Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент гашт. Зинаи саввум насиби намояндагони ду ноҳияи вилоят — Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Истаравшан ва Хона-музеи ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Т.Эрҷигитови ноҳияи Ашт гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






