Суғд: пешниҳоди кумак ба соҳибкорони аз сӯхтор зарардида

Ноябрь 20, 2014 14:39

Хуҷанд, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Боздоштани фоизгирии бонкҳо аз маблағҳои гирифтаи ҷабрдидагон, мавқуф гузоштани андозсупорӣ аз рӯи патент ва шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои дар сӯхтор нобудшуда- чунин буданд дархостҳои асосие, ки соҳибкорон дирӯз зимни мулоқот бо сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд баён намуданд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд М.Юсупов иттилоъ дод, вохӯрӣ бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти мазкур доир гашта, мақсади асосии он пеш аз ҳама ба ҷабрдидагон дасти кумак дароз намудан, муайян намудани заминаи фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон ва бо ҳамдастии мақомоти дахлдор фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ буда, ҳамзамон шинос намудани онон бо ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва шунидани арзу дархости ҷабрдидагон буд. 
Зикр шуд, ки то имрӯз тафтишоти пешакӣ 66 соҳибкорро ҳамчун ҷабрдида аз сӯхтори шадиди шоми 15-ум ба 16-уми ноябр ба амал омада баъди бозпурсӣ эътироф кардааст ва он ниҳоӣ нест.  Баҳри дастгирии онон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ барои ҷабрдидагон дар ду бозори шаҳр-«20-солагии Истиқлолият» ва маҳаллаи 32-уми шаҳр баҳри фаъолият бурдани онон шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.  
Бояд хотиррасон кард, ки шаби 15 ба 16 ноябри соли ҷорӣ  пас аз таркиши балони газ дар қаҳвахонаи “Ҳаниф”, воқеъ дар ошёнаи дувуми бозори “Баҳор” сӯхтор сар зада, он се маркази савдои Хуҷандшаҳр, чун «Тоҷир», «Баҳор» ,»Сино» ва бинои шуъбаи Иттифоқи рассомони вилояти Суғдро фаро гирифт. Дар натиҷа ҳудуди 84 дӯкон дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхта, зарари он наздик ба 1 млн.сомонӣ арзёбӣ гардид.
 
 

Ноябрь 20, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!