Тақдими китобҳои нодир аз ҷониби шахсиятҳои машҳур
Душанбе, 4.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).-Захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯз то рӯз бою ғанӣ мегардад. Китобхонаи мазкур, ки бо бузургиаш дар Осиёи Марказӣ назир надорад, имрӯз ҷои дӯстдоштаи аҳли илм, донишҷӯёну китобдӯстон гардидааст.
Боиси хушнудист, ки ба ин боргоҳи илму маърифат зиёда аз 8 нафар алломаҳои машҳури ҷумҳурӣ китобҳои нодири хешро бо теъдоди калон тақдим намуданд.
Аз ҷумла академикон Талбак Назаров, Фозил Тоҳиров, Раҳими Мусулмониён китобҳои китобхонаи хешро ба ин ҷо супориданд. Ҳамчунин аз ҷониби пайвандони академик Михаил Боголюбов, Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, профессор Бобомурод Исматов китобҳои нодир ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардиданд.
Тақдими китобҳои нодир аз ҷониби шахсиятҳои машҳури ҷумҳурӣ ба ин даргоҳ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






