Таҳкими муносибот миёни Тоҷикистону Венесуэла
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳадафи аслии мо таҳкими равобити сиёсӣ, дипломатӣ ва туристӣ миёни Тоҷикистон ва Боливарии Венесуэла аст. Ин нуктаро 18 ноябр пас аз анҷоми супоридани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон сафири тозаинтихоби Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану ба хабарнигорон изҳор дошт.
Вай афзуд, ки давлати Тоҷикистон моро мешиносад ва мо ҳам Тоҷикистонро мешиносем. Раисҷумҳур Уго Чавес ҳамеша Тоҷикистонро ба мисли қудрате медонист, ки метавонад дар баҳси байналмилалӣ бисёр фаъол бошад.
«Мо ин ҷо ҳастем, то ҳамбастагии давлати Тоҷикистон бо Венесуэларо таҳким бахшида, ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф ба роҳ монем. Аз ҷумла, ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар доираи СММ тақвият бахшем», — таъкид намуд сафир.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






