Таҳкими робитаҳо байни доираҳои соҳибкории Дания ва Тоҷикистон
Душанбе, 19.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Дания Томас Винклер баъди супоридани эътимодномаи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон изҳор намуд, ки хоҳони тақвияти бештар касб намудани ҳамкорӣ ва муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Дания дар оянда мебошад. Томас Винклер аз ҳамкориҳои ҳарду кишвар, ки имрӯз дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба рушданд ёдовар шуда, зикр кард, ки агар аз лиҳози сиёсӣ ба харитаи ҷаҳонӣ нигарем, аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон чунин бармеояд, ки Шоҳигарии Дания то чӣ андоза бо Тоҷикистон ҳамкориву ҳамёрии зичро ба роҳ мондааст. «Шоҳигарии Дания омода ҳаст ва тасмим дорад, то ки ҳамкориҳои худро дар самти мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои вобаста ба амният, ки ба амнияти ин минтақа ва ҷаҳон дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд, ҳамкории зичу густурда дошта бошад. -Нуқтаи дигари таваҷҷӯҳи хоси ман зимни татбиқи рисолати худ ба ҳайси сафир- ин таҳкими бештар бахшидан ба муносибат ва робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Шоҳигарии Дания ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самту арсаҳои кишоварзӣ, сарфаи неруи барқ, истифодаи самаранок ва оқилони неруи барқ, инчунин тавлиди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад»-, илова намуд Сафири Шоҳигарии Дания.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






