Таҳлил ва назорати нархи маводи ғизоӣ

Ноябрь 19, 2014 09:10

Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф). -Қабули қарор дар масъалаҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ бояд дар асоси низоми иттилоотии фаъол сурат гирад, ки ин низом тамоми равандҳоро назорат ва пайгирӣ намуда, таъсири ин равандҳоро ба таври сареҳ арзёбӣ ва аз онҳо натиҷаҳои ибратбахшро барои таъсир гузоштан дар раванди тасмимгирӣ аён менамояд. Муаррифии ин мавзӯъ дирӯз дар Вазорати кишоварзии ҶТ баргузор гардид.
Дар муаррифӣ  муовини вазири кишоварзӣ, сармоягузори лоиҳаи миллӣ Зеваршо Зеваршоев, муовини директори Агентии омори  назди Президенти ҶТ Қиёмиддин  Норов, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Гутсу Виорил иштирок доштанд.
  Истифодаи барномаи ФАО дар сатҳи маҳал ва дар пайвастагӣ бо низоми ҷории иттилоот метавонад ҷиҳати расонидани иттилоот оид ба нарх  ва таҳлили бозор барои афроди тасмимгиранда мусоидат намояд. 
ФАО тавассути лоиҳае, ки аз Ҳукумати Туркия дастгирӣ ёфтааст ва бо мусоидати лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда “Мусоидат ба таҳкими низоми иттилоотии миллӣ оид ба амнияти озуқаворӣ” дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти ҶТ барномаи худро оид ба назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ насб намуд. Мутахассисони масъули Агентии омор ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор 19- уми ноябри соли 2014 ба омӯзиши барномаи мазкур дар шаҳри Душанбе  фаро гирифта мешаванд. Омӯзишро коршиносони ФАО, воқеъ дар идораи марказии Рум доир менамоянд.
Барномаи тоҷикистонии назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ  ба Агентии омор ва дигар ниҳодҳои зирабт дар рушди сифативу микдории иттилооти вобаста ба бозор ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дар пешбурди раванди сиёсатсозии воқеӣ дар соҳа ва қабули қарор дар Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.
 
 
 
 
 

Ноябрь 19, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд