Таҳлили амнияти ғизоӣ дар идораҳои давлатӣ
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Тавозуни озуқа бо пуштибонии лоиҳаи ФАО дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Мусоидат ба таҳкими низоми миллии иттилоотӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад, семинар баргузор гардид.
Ҳадафи лоиҳа тақвияти иқтидори миллӣ дар таҳия, таҳлил ва табодули иттилооти зарурӣ ба дурнамову барномаҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки семинари мазкур барои мудирони сатҳи миёна, ки ба таҳлили амнияти ғизоӣ дар идораҳои давлатӣ, махсусан дар шуъбаю раёсатҳои сиёсати амнияти ғизоӣ машғуланд, дар назар дошта шудааст.
Ширкаткунандагони семинар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва дигар созмонҳои коршарики лоиҳа, ки дар самти кишоварзӣ, амнияти ғизоӣ ва сиёсати ғизоӣ фаъолият доштанд, буданд.
Қобили зикр аст, ки семинар барои кормандони Агентии омор шароитеро фароҳам хоҳад овард, ки тавонанд бо истифодабарандагони оморҳояшон рӯ ба рӯ сӯҳбат намуда, аз ниёзмандиҳои онҳо ва тарзи истифодаи омор иттилои бештар гиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






