Таҳлили илмии дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ
Душанбе,11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишер Навоӣ»- чунин ном дорад китоби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдусалом Абдуқодиров, ки бахшида ба 600- солагии шоир ва мутафакири бузурги халқи тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ чоп шудааст. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар китоби мазкур робитаҳои адабии ду халқи бузурги ҷаҳонро дар тимсоли адибони шинохта Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди устоди мӯътабар Алишер Навоӣ аз ҷиҳати таҳлилҳои илми муқоисавӣ баён менамояд. Зикр гардидааст, ки Ҷомиву Навоӣ дар давоми фаъолияташон на фақат устоду шогирд, балки дӯст ва рафиқи ҳамдам буда, муносибати онҳо чун падару фарзанд буд Таъкид шудааст, ки маърифати илмии ин ду нафар аз ҷиҳати маънавӣ, ахлоқӣ, илмӣ, динӣ-фалсафӣ ва ирфонӣ хеле баланд буд ва Навоӣ то охири умр бо садоқат вазифаи шогирдиву фарзандиашро ба иҷро расонидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






