Таҷлили ҷашни Сарқонуни Тоҷикистон дар Миср
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 10 ноябри 2014 дар меҳмонхонаи номдори «Grand Nile Tower», воқеъ дар ар-Равзаи Қоҳира ба муносибати бузургдошти 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид.
Дар зиёфати расмӣ мақомоти роҳбарии Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Арабии Миср, корпуси дипломатии муқими Қоҳира, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираҳои бозаргонии кишвар, шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар суханронии шодбошии худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ба аҳамияти сарнавиштсози қонуни асосии кишвар дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва такомули он ба сӯи пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






