Таҷлили 20-солагии Сарқонун дар Сафорати Тоҷикистон дар ФР
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ дар бинои Сафорати ҶТ дар ФР ширкат намуданд. Дар ҷамъомад Сафири ҶТ дар ФР, кормандони сафорат, намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ФР, роҳбарони ташкилоту созмонҳои тоҷикистониёни шаҳри Маскав, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, оид ба зарурати таърихӣ ва моҳияти қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз сухан кард. Зикр гардид, ки аз марҳилаҳои аввали ташаккули пояҳои давлатдорӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати хориҷии худ принсипи сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифт. Маҳз қабули Сарқонуни аз лиҳози меъёрҳои умумибашарӣ такмилёфта ба мо имкон дод, ки дар ин ҷода муваффақ бошему дар арсаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро соҳиб шавем.
Дар хусуси марҳилаҳои таърихии қабули Сарқонун ва аҳамияти он дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон намояндаи ҶТ дар Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Файзулло Холбобоев ва олими тоҷик Ҳокимшо Муҳаббатов маърӯза карданд. Бо дастури намояндагӣ баргузории чорабиниҳо бахшида ба солгарди қабули Конститутсия дар манотиқи гуногуни ФР аз ҷониби кормандоне, ки дар сафари хизматӣ қарор доранд, дар назар аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






