Таҷлили Рӯзи милитсия ва Сарқонуни Тоҷикистон
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар мавзӯи рӯз сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир ва сардори курси аввали академия полковники милитсия Наҷмиддин Қурбонов сухан гуфтанд.Бо ибтикори роҳбарияти вазорат дар ин рӯз ба шунавандагони курси аввал, аз ҷумла ба 20 нафар ятим аз оилаҳои бесаробонмонда туҳфаҳои пулию молӣ тақдим шуданд.Ҳамчунин дар идомаи чорабинии фарҳангӣ барои болида намудани хотири ҳозирин дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертии идона ташкил шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






