Таҷлили Рӯзи Парчам дар Нуробод
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ тӯли як ҳафта чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ ҷараён гирифтанд.
Тибқи иттилои корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Гулрухсор Неъматова, дирӯз дар Рӯзи Парчами давлатӣ аз даромадгоҳи марказӣ то саҳни ҳавлии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки ҷавонону мактаббачагон ва фаъолони ин минтақа намоиши умумишаҳрӣ бо парчамҳою овезаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси ноҳия Сиёмардзода Сайдамир ширкат варзида, мардуми шарафманди Нурободро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуд.
Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Модар ва Парчам аз ҷониби толибилмон ба барномаи фарҳангӣ ҳусни дигар зам намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






