Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Душанбе
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди ҷавонтарини ҷумҳурии тозаистиқлоли мо буда, дар сартосари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Боиси хушнудии ҳар тоҷикистонист, ки баландтарин сутуни 165 метре, ки дар он парчам партавфишонӣ мекунад, маҳз дар пойтахти мо — Душанбеи нозанину ҳамешабаҳор ҷойгир мебошад.
Имрӯз низ аз чор ноҳияи Душанбе дар Майдони Парчами давлатӣ, соати 16.00 ҷавонону зиёиён ҷамъ меоянд.
Тавре ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Набӣ Ҷалолов, саркоргардони намоиш иброз дошт, дар барномаи ҳунарӣ сарояндагон ва дастаҳои ҳунарии беҳтарин шомиланд, ки ба ин ид ҳусну таровати хосса зам мекунанд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






