Таҷлили Рӯзи Тоҷикистон дар ДДФСМ
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Чанде пеш дар толори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав чорабинии ботантана — маросими муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сафири фавқулода ва мухтори ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов ширкат дошт.
Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо иҷрои сурудҳои давлатии Тоҷикистону Русия оғоз ёфта, сипас донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳи мазкур барномаро дар бораи таърих, фарҳанг ва адабиёти бостонии Тоҷикистон муаррифӣ карданд.
Дар маросими ид сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов ва ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав Татяна Кузнетсова сухан карданд.
Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ ба туфайли фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ бо Сафорати ҶТ дар ФР ва хусусан факултаи муносибатҳои байналмилалӣ, ки ҳамватани мо номзади илми санъатшиносӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азалия Валиаҳмедова декани он мебошад, имконпазир гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил доранд, суҳбат намуд.
Имомуддин Сатторов дар ҷараёни суҳбат ба саволҳои сершумори донишҷӯён марбут ба ҷиҳатҳои дигари ҳамкории дуҷонибаи миёни кишварҳоямон посух дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






