Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ (Русия) дар Душанбе
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Рӯзи ваҳдати миллӣ (Русия) баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Иттифоқи занони ҳамватанони русиягии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон, «Россотрудничество» дар ҶТ ва Шӯрои ҳамгироии ҳамватанони русиягии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Тавре ки аз Иттифоқи занони ҳамватанони русиягии Тоҷикистон хабар доданд, муншии аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон Виктор Харченко, муншии сеюми Сафорати ФР дар ҶТ Игор Ковалёв муовини роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Юрий Исмоилов, ҳамчунин намояндагони Шӯрои ҳамгироии ҳамватанони русиягии ҶТ, Ҷамъияти равобити дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳукуматдорони маҳаллии шаҳри Душанбе иштирокдорони ҷашнвораро табрик намуданд.
Раиси Иттифоқи занони ҳамватанони русиягии Тоҷикистон, номзади илми таърих Сабоҳат Раҳимзода зимни маърӯзааш таҳти унвони «Мақоми халқи сермиллат, ки онро таърих, анъанот ва маънавият ба манзури таҳкими мавқеъҳои Русия муттаҳид сохтанд» зикр намуд, ки соли 2004 Думаи Давлатӣ иди нав — Рӯзи ваҳдати миллиро таъсис дода буд, ки он ҳар сол 4 ноябр таҷлил мешавад.
Дар ҳошияи ҷашнвора мавзӯъҳои «Таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангии халқҳои Тоҷикистон ва Русия», «Саҳми занони ҳамватан ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон», «Мақоми васоити ахбори омма дар муттаҳидии ҳамватанон», «Тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ифтихор аз Ватан», «Аҳамияти иштироки ҷамоаҳои Русия дар Тоҷикистон дар амри таҳкими мавқеъҳои Русия» ва ғайра муҳокима шуданд.
Дар анҷоми ҷашнвора консерт баргузор гардид, ки дар он раққосону сарояндагон маҳорати худро намоиш доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






