Таъйиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, 22 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як силсила тағйироти кадрӣ ворид намуд, аз ҷумла: полковники милитсия Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, подполковники хизмати дохилӣ Назаров Илҳомҷон Ҳурматуллоевич ба вазифаи сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, полковники милитсия Муллоев Валихон Ҳамдамович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритус, подполковники милитсия Солиев Воҳидҷон Орифҷонович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон таъйин шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъйиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






