Талабот ба қарз қонеъ мегардад
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар интиҳои моҳи октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,2 фоиз зиёд гардид. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллиии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла 3 млрд. 847,3 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 млрд. 424 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 55,6 фоиз (5 157,5 млн. сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 44,4 фоиз (4 113,8 млн. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,43 фоизи солонаро ташкил намуд. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 939 млн. сомонӣ қарзи хурд дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






