Талоши паҳлавонони ҷавон барои Ҷоми “Вастан”
Душанбе, 21.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми «Вастан” рӯзҳои 22-23 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Душанбе дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 барои Ҷоми Клуби варзишии «Вастан” барпо мегардад.
Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони тоҷик, гуштигирони ҷавони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард.
Ба ғолибони мусобиқа дар 9 вазн — 46, 50, 55, 60, 66, 73, 81,90, +90 кг ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойҳои аввал 300 доллар, барои ҷойҳои дувум 200 доллар ва барои ҷойҳои севум 100 доллар) супурда мешавад.
Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор ҷойгоҳ дорад, 22-юми ноябр соати 10-и субҳ оғоз меёбад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбе соати 16:30 барпо мегардад








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






