Таъмини бехатарии озуқаворӣ дар кишвар
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси раёсати илм, факултаи муносибатҳои иқтисоди бай-налмилалӣ ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 26 ноябр дар мавзӯи «Самтҳои асосии таъмини бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, дар мизи мудаввар Абдуҷалил Пириев, профессор, сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз ҷумла зикр кард, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТ ва масъалаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани ҳадафҳои «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ» тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ҷумла, аз соли 2012 Шӯрои амнияти озуқаворӣ ташкил шуд, ки дар он ҳамаи ин масъалаҳо баррасӣ мегарданд.Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ба танзим дароварда шуда, назорат ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар бозори истеъмолӣ тибқи талаботи қонуни мазкур ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии “Тоҷикстандарт” вогузор гардидааст, илова намуд мавсуф.Дар охири мизи мудаввар иштирокчиён дар бораи масоили баррасишаванда табодули афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






