Таъмиру навсозии роҳҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб 22.11.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Барои таъмиру тармим ва нигаҳдории роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фаъолият мекунанд ва дар тавозуни онҳо масофаи муайяни роҳҳо вогузор карда шудааст. Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб 223 километр роҳ ва 38 кӯпрук мебошад, ки аз он 18 километр роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 23 километр ҷумҳуриявӣ ва 180 километри дигар маҳаллӣ мебошанд. Ба гуфти роҳбари муассиса соли ҷорӣ барои таъмири купрукҳои шоҳроҳи Кӯлоб- Шӯрообод аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст ва бо харҷи ин маблағ роҳсозон тавонистанд кӯпрукҳоро таъмир карда ҳаракати мунтазами нақлиётро дар ин шоҳроҳ барқарор намоянд. Маблағи 191 ҳазор сомонӣ бошад барои таъмиру нигаҳдории роҳҳо масраф шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба муассиса 55 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Айни замон кормандони муассисаи мазкур миқдори зарурии маводи зиддилағжиш омода кардаанд ва роҳбарияти муассиса коргаронро бо либоси гарми зимистона ва хӯрок таъмин кардаанд. Дар шаҳри Кӯлоб инчунин корхонаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохили шаҳр фаъолият мекунад, ки коргарони корхона корҳои таъмириро дар маҳаллаҳо ва кӯчаҳои марказии шаҳр идома дода истодаанд.Корхонаи таъмиру барқарорсозӣ дар соли ҷорӣ бо дастгирии ҳокимияти давлатии шаҳр якчанд техникаи муосири роҳсозӣ харидорӣ кардааст, ки мушкилотро дар ин самт осон гардонидааст. Ба гуфти масъулон соли оянда таъмири асосии роҳҳои шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст ва баъди амалӣ гардидани он роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






