Тамоюлҳои нави ҷинояткории замони муосир
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудааст.
«Гарчанде ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд»,-таъкид намуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 79 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ барои содир кардани 100 ҷиноят дастгир шудааст.
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба қаламрави кишвар, инчунин ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ Президенти кишвар ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд.
«Набояд фаромӯш кард, ки ҷинояткории замони муосир домани фароху густурда дошта, торафт тамоюлҳои нав пайдо карда истодааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллати худ аз хатару таҳдидҳои имрӯза ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошад»,-илова намуд 10 ноябр Президенти кишвар дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






