Ташрифи Президенти Чехия ба Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2014 14:16

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бегоҳии имрӯз, 25-уми ноябр  Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. 
Интизор меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Чехия дар доираи сафари расмии дурӯзаи худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мулоқот  намуда, масоили марбут  ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехияро матраҳ намоянд.
 Аз   Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Президенти Чехия дар ҷараёни сафари расмиаш ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар маросими расмии ифтитоҳи Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузории Тоҷикистону Чехия иштирок намоянд. 
Дар назар аст, ки Президенти Чехия дар доираи сафари расмиаш  ба Тоҷикистон маҷмӯи созишномаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои мухталиф ба имзо  расонда, дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон -муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузорад. 
 
 
 
 

Ноябрь 25, 2014 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!