Таъсиси Шӯрои нав оид ба бехатарии маҳсулот

Ноябрь 8, 2014 11:54

Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») ҷаласаи нахустини Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ баргузор гардид. 
         Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шўрои мазкур  Азим Иброҳим  оғоз бахшида, зикр намуд, ки Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, таъмини сатҳи зарурии  ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушаххас, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти  хўрокворӣ таъсис дода шуданд.  Низомнома ва ҳайати Шӯро бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 тасдиқ гардид. Дар ҳайати  Шўрои ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ  намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, инчунин   намояндагони маъруфи ҷамъиятӣ, илмӣ ва коршиносон, ки фаъолияти касбии онҳо бо таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ вобаста аст,  ҷалб  шудаанд.
Бояд зикр кард, ки  таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар ҷумҳурӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” ба танзим дароварда шудааст ва назорат ҷиҳати  таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар  бозори истеъмолӣ тибқи талаботи қонуни мазкур ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии “Тоҷикстандарт”  вогузор гардидааст.  
        Дар ин робита, дар ҷаласа зикр гардид, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи назорати бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор гардидани маҳсулоти хўроквории бесифат ва хатарнок дар давоми соли 2013 ва 9 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар давоми соли 2013 аз тарафи озмоишгоҳҳои ташхисии маводи ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” 1204, 2 тонна  маҳсулоти  хӯроквории истеҳсоли ватанию воридотии  ғайристандартӣ тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва қисми дигар  бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нобуд карда шуданд.  Дар нўҳ моҳи соли 2014 дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” 1249, 02 тонна маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд. 
 Аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии бойторӣ дар соли 2013-ум 75,5 тонна ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 40 тонна маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд.
      Ҳамзамон дар ҷаласа ҷиҳати минбаъд беҳтар гаштани таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аъзои Шўро ва «Нақшаи кории Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ барои нимсолаи аввали соли 2015» тасдиқ гардиданд.
     Вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ директори Агентии “Тоҷикстандарт” Бахтиёр Шукурзода ва намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” сухан гуфтанд.
     Ҳамзамон дар раванди ҷаласа муовини раиси Шўро ва котиби масъули он  таъйин гардиданд.
 Дар хотимаи ҷаласаи Шўро аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда қарор қабул гардид. 
 
 

Ноябрь 8, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад