Терминали нави мусофирон ба кор шурӯъ кард
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- 3 ноябр дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба муносибати оғози фаъолияти терминали нави мусофирон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти фурудгоҳ, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки терминали нави мусофирони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки барои бунёди он қариб 40 миллион евро сарф шудааст, 3 сентябри соли равон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Терминалро ширкати «Винси» — и Фаронса дар давоми 20 моҳ бунёд намуд. Арзиши ин иншоот 39 миллион евроро ташкил медиҳад, ки 20 миллиони он саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва 20 миллион евро қарзи имтиёзноки ҳукумати Фаронса мебошад. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эъмори терминали фурудгоҳи Душанбе моҳи апрели соли 2009 ба имзо расида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






