Тоҷикистон — Қирғизистон: оғози муносибатҳои нав

Ноябрь 19, 2014 13:15

Душанбе,  19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Анварӣ).-  «Амри тақдир  будааст, ки  камина  маротибаи  дуюм ба  Тоҷикистон  меоям. Сафари  аввалам  аз  соли  2002  то  соли  2005 — ро   фаро  гирифта буд ва  инак  боз ба  ин  ҷо омадам. Имрӯз  ман ба симои сокинони  Душанбе  менигараму  симои  гарми  онро мебинам. Ман дар  симои онҳо ҳисси  ватанпарастӣ ва умед  ба онро  мебинам, ки фардо  аз  имрӯз  ҳам  беҳтар  мешавад», — гуфт сафири навтаъйини  Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниёзов баъди  супурдани эътимоднома ба Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷараёни   нишасти  матбуотӣ барои  ВАО.
Сафир  гуфт, ки Тоҷикистон   кишварест, ки бо  суръат  рушду  тараққӣ  меёбад. «Ба  фикрам  дар  роҳбарияти баландпояи  ҷумҳурӣ  дастаи  кордоне  ҷамъ  омадааст, ки  сӯи  ҳаракаташро равшану  дақиқ  медонад», — гуфт  сафир. 
М.Ниёзов ба  масъалаи   муносибатҳои  Тоҷикистону  Қирғизистон   дахл  карда, зикр  намуд, ки баъди доир  шудани ҳамоиши душанбегии СҲШ  сарони давлатҳои  Тоҷикистону  Қирғизистон  муносибатҳои  ҳар  ду  кишварро  васеъ ва  ошкоро  муҳокима  намуданд. «Фикр  мекунам, ки инро  метавон  оғози  марҳалаи  гармшавии  муносибатҳои  дуҷониба  донист», — гуфт М.Ниёзов. 
Сафири  Қирғизистон  иброз дошт, ки  байни  ҳар  ду  давлат  масоили  зиёде   арзи  вуҷуд  дорад. «Сухан  на  фақат  дар  бораи  муайян  кардани  сарҳади  давлатӣ  меравад, ки  ин  худ  аз  худ  басо  муҳим  аст.  Сухан  дар  бораи он  меравад, ки  мо  масоили тақсими обро  аз  нигоҳи  стратегӣ дурусту  муваффақона ҳал  намоем,  масоили  истифодаи  чарогоҳхоро  оқилона  ҳал  кунем,  то  бо  ин васила эҳтиёҷоти  мардум,  хусусан  мардуми  минтақаҳои  сарҳадӣ  осеб  набинад. Ба  ҳар  ду  ҷониб  супориш  дода шуда буд, ки  фаъолият дар  мавриди  муайян  кардани  сарҳад ва ҳалли ҳамаи  баҳсу  мунозира  дар   бахши  хоҷагии об дар  муддати  кӯтоҳ  вусъат  дода шавад. Ба  фикрам  имрӯз  чунин  умед  арзи вуҷуд  дошта ва ҳар  ду  ҷониб  аллакай  дар  ин арса  пеш  мераванд, ки  аз  ин  хеле масрурам», — гуфт  дар  хотима  дипломат.

Ноябрь 19, 2014 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад