Тоҷикистон — Қирғизистон: оғози муносибатҳои нав
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Амри тақдир будааст, ки камина маротибаи дуюм ба Тоҷикистон меоям. Сафари аввалам аз соли 2002 то соли 2005 — ро фаро гирифта буд ва инак боз ба ин ҷо омадам. Имрӯз ман ба симои сокинони Душанбе менигараму симои гарми онро мебинам. Ман дар симои онҳо ҳисси ватанпарастӣ ва умед ба онро мебинам, ки фардо аз имрӯз ҳам беҳтар мешавад», — гуфт сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниёзов баъди супурдани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ барои ВАО.
Сафир гуфт, ки Тоҷикистон кишварест, ки бо суръат рушду тараққӣ меёбад. «Ба фикрам дар роҳбарияти баландпояи ҷумҳурӣ дастаи кордоне ҷамъ омадааст, ки сӯи ҳаракаташро равшану дақиқ медонад», — гуфт сафир.
М.Ниёзов ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дахл карда, зикр намуд, ки баъди доир шудани ҳамоиши душанбегии СҲШ сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои ҳар ду кишварро васеъ ва ошкоро муҳокима намуданд. «Фикр мекунам, ки инро метавон оғози марҳалаи гармшавии муносибатҳои дуҷониба донист», — гуфт М.Ниёзов.
Сафири Қирғизистон иброз дошт, ки байни ҳар ду давлат масоили зиёде арзи вуҷуд дорад. «Сухан на фақат дар бораи муайян кардани сарҳади давлатӣ меравад, ки ин худ аз худ басо муҳим аст. Сухан дар бораи он меравад, ки мо масоили тақсими обро аз нигоҳи стратегӣ дурусту муваффақона ҳал намоем, масоили истифодаи чарогоҳхоро оқилона ҳал кунем, то бо ин васила эҳтиёҷоти мардум, хусусан мардуми минтақаҳои сарҳадӣ осеб набинад. Ба ҳар ду ҷониб супориш дода шуда буд, ки фаъолият дар мавриди муайян кардани сарҳад ва ҳалли ҳамаи баҳсу мунозира дар бахши хоҷагии об дар муддати кӯтоҳ вусъат дода шавад. Ба фикрам имрӯз чунин умед арзи вуҷуд дошта ва ҳар ду ҷониб аллакай дар ин арса пеш мераванд, ки аз ин хеле масрурам», — гуфт дар хотима дипломат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






