Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳони боадолатона
Душанбе, 25.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави ҷаҳонишавӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ доир гардид. Ҳадафи конфронси мазкур баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамият ва дурнамои он дар шароити муосир буда, дар кори конфронс сафирони кишварҳои хориҷӣ, мутахассисону коршиносони масоили сиёсӣ ҳузур доштанд.
Парвиз Давлатзода -муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зимни гузориши худ доир ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс гуфт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 кишвари мо ба рушди давлатдории миллию демократӣ асос гузошта, робитаҳои афзалиятноки ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ оғоз бахшид.
Зикр шуд, ки дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро ба роҳ монд, ки ин сиёсат ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи ҷаҳон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ тақвият бахшида, дар самти мубориза бар зидди таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои мушаххас меандешад. Хусусан самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили вобаста ба амният ва суботи минтақа, барқарорсозии Афғонистон, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои исломӣ, ҷаҳони Араб, ИДМ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои осиёӣ ва созмонҳои байналммилалию минтақавӣ нигаронида шудааст. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳони боадолатона буд ва ҳаст.
Дар конфронс ҳамзамон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, сафирони Қазоқистон ва Афғонистон дар Тоҷикистон Агибай Смагулов, Абдулғафури Орзу, инчунин дигар коршиносони масоили сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба аҳамияти сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта: таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон, сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи нав ва таъсири минтақавии он табодули назар намуданд.
Конфронс дар се бахш: «Сиёсати «дарҳои боз»: таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ», «Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» ва масоили амнияти минтақавӣ дар шароити нави геополитикӣ», «Сиёсати «дарҳои боз» ва масоили ҳамгироии иқтисодӣ» ҷараён гирифта, иштирокдорони он паҳлӯҳои мухталифи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамо ва аҳамияти онро матраҳ сохтанд.








ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст






